Омбудсмен аз вазъи солимии Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев нигарон нест

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар маросими рӯнамои ҳисобот оид ба фаъолияти ин ниҳод дар соли 2014 изҳор намуд, ки аз вазъи солимии маҳкумшуда Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти гумрук бохабар асту ӯ ягон бемории ҷиддие надорад. «Ҳама мегӯянд, ки бемории ӯ ҷиддӣ аст, вале дар […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар маросими рӯнамои ҳисобот оид ба фаъолияти ин ниҳод дар соли 2014 изҳор намуд, ки аз вазъи солимии маҳкумшуда Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти гумрук бохабар асту ӯ ягон бемории ҷиддие надорад. «Ҳама мегӯянд, ки бемории ӯ ҷиддӣ аст, вале дар асл ин тавр нест», – гуфт З.Ализода.

Ализода мегӯяд, бо назардошти синнусол (59-сола) ва муддати тӯлонӣ дар зиндон қарор доштан, албатта Ёқуб Салимов комилан солим нест ва табиист, ки аз ин каме мушкилӣ дорад. «Чанде қабл намояндаи мо ҳамроҳ бо табиб дар ҳуҷраи маҳбасхона ӯро муоина карда, ягон бемории ҷиддиро ошкор накарданд», – гуфт Омбудсмен.

Ба гуфтаи ӯ, муҳлати зиндони Ёқуб Салимов кам мондааст. «Умедворам, ки дар озодӣ ба гуфти худаш, ҳаёташро ба фарзандону набераҳо мебахшад», – таъкид дошт Ализода.

Дар робита ба шикоятҳои хоҳари Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Гвардияи президентӣ ва роҳбари Агентии зидди маводи мухаддир, ки ба ҳабси абад маҳкум аст, З.Ализода ба журналистон изҳор намуд, ки хоҳари маҳкумшуда шикоят кардааст, ки дандонҳои бародараш афтида, дигар ғизохӯрии ӯ мушкил шудааст.

«Намояндаи мо аз аҳволи Ғаффор Мирзоев дар маҳбас хабар гирифта, вазъи ӯро қаноатбахш дарёфт. Албатта, бо вазъи солимиаш каме мушкилӣ дорад, вале вазъи шахси муддати тӯлонӣ дар маҳбас қарордошта чӣ гуна буда метавонад», – гуфт Ализода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.