Сухангӯи ҲХДТ: Дар интихоби кадрҳо хадамоти махсус бояд бештар ҳушёртар бошанд



Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ бар ин назар аст, ки дар масъалаи интихоби кадрҳо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, аз ҷумла сохторҳои ҷавобгӯи таъмини амният бояд бештар ҳушёртар бошанд.

«Ба фикри ман, шахсони мансабдор бояд масъулиятро ба дӯш гирифта, эътироф кунанд, ки ба иштибоҳ роҳ додаанд ва номзадии ӯро то таъинот наомӯхтаанд. Ин камбудии онҳо аст, вале ҳамааш баъди анҷоми тафтишот возеҳ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, муроҷиати фармондеҳи ОМОН тариқи навори видео аз носолимиву ноустувории рӯҳии ӯ гувоҳӣ медиҳад, зеро дар сурати баръакс, ӯ ба ватани худ хиёнат намекард. «Фармондеҳи ОМОН на аз рӯи эътиқоди идеологии худ, балки барои ба даст овардани маблағҳои зиёди пулӣ ба ДИИШ пайваст», – мутмаин аст намояндаи ҲХДТ.

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов, ки аз 23 апрел бедарак шуда буд, рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.

Фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар навор бо силоҳи нишонзанӣ ва сарулибоси сиёҳ дар пасманзари дарахти нахл (палма) пайдо шуда, дар бораи худ, маҷлисҳои роҳбари ВКД Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Дар навори видео садои ибодат бо забони арабӣ шунида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное