Осоишгоҳи «Зумрад» ба ҷоизаи байнулмилалии “Qualitu Summit” шарафёб гардид

Иштирокчии 29-умин “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015” – Осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷоизаи байналмиллалии тиллоии “Qualitu Summit” гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир гашта, осоишгоҳи “Зумрад” дар номгӯи “Барои сатҳу сифати олии хизматрасонӣ” ҷои пешсафро […]

ASIA-Plus



Иштирокчии 29-умин “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015” – Осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷоизаи байналмиллалии тиллоии “Qualitu Summit” гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир гашта, осоишгоҳи “Зумрад” дар номгӯи “Барои сатҳу сифати олии хизматрасонӣ” ҷои пешсафро касб ва ба ҷоизаи мазкур мушарраф гаштааст. 

Гуфта мешавад, дар ин бора  ба хабаргузорӣ зимни ифтитоҳи  бинои меҳмонхонаи  тозабунёд  бо номи «Соҳилоро», ки дар шафати осоишгоҳи “Зумрад”, ки аз ҷониби  як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, директори генералии осоишгоҳи «Зумрад» Зафар Олимов хабар додааст. Мутобиқ ба маълумоти  З.Олимов, меҳмонхонаи  «Соҳилоро» аз 10 ҳуҷра иборат буда, барои истифодаи 20 нафар меҳмону истироҳаткунандаи осоишгоҳ пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон мешавад, ки қаблан низ дар замони шӯравӣ осоишгоҳи «Зумрад»  аз осоишгоҳҳои намунавӣ ва дорои шӯҳрати хосса ба ҳисоб рафта, он чандин маротиба ба ҷоизахои озмунҳо байни осоишгоҳҳои  умумииттифоқӣ сазовор дониста шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.