Сухангӯи ҲХДТ: Дар интихоби кадрҳо хадамоти махсус бояд бештар ҳушёртар бошанд

Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ бар ин назар аст, ки дар масъалаи интихоби кадрҳо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, аз ҷумла сохторҳои ҷавобгӯи таъмини амният бояд бештар ҳушёртар бошанд. «Ба фикри ман, шахсони мансабдор бояд масъулиятро ба дӯш гирифта, эътироф кунанд, ки ба иштибоҳ роҳ додаанд ва […]

ASIA-Plus



Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ бар ин назар аст, ки дар масъалаи интихоби кадрҳо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, аз ҷумла сохторҳои ҷавобгӯи таъмини амният бояд бештар ҳушёртар бошанд.

«Ба фикри ман, шахсони мансабдор бояд масъулиятро ба дӯш гирифта, эътироф кунанд, ки ба иштибоҳ роҳ додаанд ва номзадии ӯро то таъинот наомӯхтаанд. Ин камбудии онҳо аст, вале ҳамааш баъди анҷоми тафтишот возеҳ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, муроҷиати фармондеҳи ОМОН тариқи навори видео аз носолимиву ноустувории рӯҳии ӯ гувоҳӣ медиҳад, зеро дар сурати баръакс, ӯ ба ватани худ хиёнат намекард. «Фармондеҳи ОМОН на аз рӯи эътиқоди идеологии худ, балки барои ба даст овардани маблағҳои зиёди пулӣ ба ДИИШ пайваст», – мутмаин аст намояндаи ҲХДТ.

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов, ки аз 23 апрел бедарак шуда буд, рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.

Фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар навор бо силоҳи нишонзанӣ ва сарулибоси сиёҳ дар пасманзари дарахти нахл (палма) пайдо шуда, дар бораи худ, маҷлисҳои роҳбари ВКД Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Дар навори видео садои ибодат бо забони арабӣ шунида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.