Эҳтимоли баррасии таҳримҳои нав алайҳи Русия дар вохӯрии G7



Намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷош Эрнест зимни брифинг изҳор намуд, ки дар нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7), ки рӯзҳои 7-8 июн дар музофоти Баварияи Олмон доир мегардад, сарони кишварҳои узв метавонанд таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Русияро баррасӣ кунанд.

Ба саволи журналист дар бораи дар ин нишаст имкони баррасӣ шудани таҳримҳои нав муқобили Русия, Эрнест посух дод, ки чунин имконият вуҷуд дорад. Сабти видеоии брифинг дар торнамои Кохи Сафед

гузошта шудааст

.

«Дар вохӯрии қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои G7 иловатан баррасӣ шудани ин масъаларо аз эҳтимол дур намедонам», –  гуфт ӯ ва ишора кард, ки дар сурати амалҳои Русия оид ба ноамн кардани вазъ дар Украина, кишварҳои «ҳафтгона» ҷонибдори ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои иқтисодӣ нисбати Русия мебошанд.

Эрнест таъкид дошт, ки ИМА аз вазъи шарқи Украина «ҳоло ҳам нигарон аст». Ба гуфтаи ӯ, Русия чандин маротиба ба «тамомияти арзии Украина» эҳтиром қоил нашуда, ҷомеаи байнулмилалӣ якдилона аз Маскав даъват ба амал овард, ки «соҳибистиқололии ҳамсоягони худро эҳтиром ва эътироф намояд».

«Русия аллакай таҳти таҳримҳо қарор гирифт, ки аз онҳо ба иқтисодаш таъсири манфӣ расид. Ин талафот то замоне, ки Русия ва президент Путин аз фаъолият дар Украина даст накашанд, идома хоҳад ёфт», – қайд кард намояндаи Кохи Сафед.

spot_imgspot_img

Популярное