Эҳтимоли баррасии таҳримҳои нав алайҳи Русия дар вохӯрии G7

Намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷош Эрнест зимни брифинг изҳор намуд, ки дар нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7), ки рӯзҳои 7-8 июн дар музофоти Баварияи Олмон доир мегардад, сарони кишварҳои узв метавонанд таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Русияро баррасӣ кунанд. Ба саволи журналист дар бораи дар ин нишаст имкони баррасӣ шудани таҳримҳои нав муқобили Русия, Эрнест посух дод, […]

ASIA-Plus



Намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷош Эрнест зимни брифинг изҳор намуд, ки дар нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7), ки рӯзҳои 7-8 июн дар музофоти Баварияи Олмон доир мегардад, сарони кишварҳои узв метавонанд таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Русияро баррасӣ кунанд.

Ба саволи журналист дар бораи дар ин нишаст имкони баррасӣ шудани таҳримҳои нав муқобили Русия, Эрнест посух дод, ки чунин имконият вуҷуд дорад. Сабти видеоии брифинг дар торнамои Кохи Сафед

гузошта шудааст

.

«Дар вохӯрии қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои G7 иловатан баррасӣ шудани ин масъаларо аз эҳтимол дур намедонам», –  гуфт ӯ ва ишора кард, ки дар сурати амалҳои Русия оид ба ноамн кардани вазъ дар Украина, кишварҳои «ҳафтгона» ҷонибдори ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои иқтисодӣ нисбати Русия мебошанд.

Эрнест таъкид дошт, ки ИМА аз вазъи шарқи Украина «ҳоло ҳам нигарон аст». Ба гуфтаи ӯ, Русия чандин маротиба ба «тамомияти арзии Украина» эҳтиром қоил нашуда, ҷомеаи байнулмилалӣ якдилона аз Маскав даъват ба амал овард, ки «соҳибистиқололии ҳамсоягони худро эҳтиром ва эътироф намояд».

«Русия аллакай таҳти таҳримҳо қарор гирифт, ки аз онҳо ба иқтисодаш таъсири манфӣ расид. Ин талафот то замоне, ки Русия ва президент Путин аз фаъолият дар Украина даст накашанд, идома хоҳад ёфт», – қайд кард намояндаи Кохи Сафед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.