«Азия-Плюс» ба «Диёри кӯдакон» даъват мекунад!

Дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар «Боғи Пойтахт» ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» (Маленькая страна)-ро барпо мекунад. Кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои нопурра, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои №1 ва №4 ва ҳамчунин хонаи кӯдакони №1 – дар маҷмӯъ 200 нафар кӯдакони сини аз 6 то 12-сола меҳмони ҷашнвора мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои […]

ASIA-Plus



Дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар «Боғи Пойтахт» ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» (Маленькая страна)-ро барпо мекунад.

Кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои нопурра, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои №1 ва №4 ва ҳамчунин хонаи кӯдакони №1 – дар маҷмӯъ 200 нафар кӯдакони сини аз 6 то 12-сола меҳмони ҷашнвора мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора озмунҳои шавқовар, викторинаҳои аҷиб ва бозиҳои фаъол доир гардида, кӯдакон метавонанд дар онҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шаванд. Ҳамчунин дар ҷашнвора овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик аз гурӯҳи «Авеста» Зафар Абдуалимов, Парвин Юсуфӣ, Рустам Исоев ва овозхону мусиқанавозони наврас ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида хоҳанд гардонид.

Аввалин Бонки молиявии хурд сарпарасти кулли ҷашнвора аст. Сарпарастони дигари ҷашнвора: Комбинати шири Душанбе, аквапарки «Делфин», қаҳвахонаи «Segafredo Zanetti» ва Ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон Интернэшнл». Чорабинӣ бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги ҶТ доир мегардад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ин чорабинӣ иштирок кунанд. Шуморо имрӯз, 30 май соати 18-00 дар «Боғи Пойтахт» интизорем. Воридшавӣ аз рӯи тарифҳои муқарраршудаи боғ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.