Бародари фармондеҳи ба сафҳои ДИИШ пайваста ӯро ба бозгашт даъват мекунад



Саидмурод Ҳалимов, бародарбузурги фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, аз бародараш, ки ҳафтаи гузашта дар навори видеоӣ аз пайвастанаш ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) хабар дод, даъват кард, ки ба Тоҷикистон баргашта, назди қонун ҷавоб гӯяд. Номаи кушоди Саидмурод Ҳалимов рӯзи 30 май дар торнамои

хабаргузории «TojNews»

ба нашр расид.

Саидмурод Ҳалимов аз соли 1995 дар вазифаҳои гуногун дар Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолият мекунад.

С.Ҳалимов дар номаи худ таъкид менамояд, ки «ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам, вале раҳбарият инро рад карда, гуфтаанд, ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд».

«Аз ин овозаҳо ман шахсан ва аҳли оилаи мо сахт ба ташвиш омада, бовар намекардем,  чунки шароити оилавии ӯ хуб буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоштанд. Хонаи истиқоматии алоҳида, воситаи нақлиёт, аҳли оилаи хуб ва обрӯву эътибор низ дар ҷамъият дошт», – навиштааст ӯ дар мактуб.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное