Бародари фармондеҳи ба сафҳои ДИИШ пайваста ӯро ба бозгашт даъват мекунад

Саидмурод Ҳалимов, бародарбузурги фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, аз бародараш, ки ҳафтаи гузашта дар навори видеоӣ аз пайвастанаш ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) хабар дод, даъват кард, ки ба Тоҷикистон баргашта, назди қонун ҷавоб гӯяд. Номаи кушоди Саидмурод Ҳалимов рӯзи 30 май дар торнамои хабаргузории «TojNews» ба нашр расид. Саидмурод Ҳалимов аз […]

ASIA-Plus



Саидмурод Ҳалимов, бародарбузурги фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, аз бародараш, ки ҳафтаи гузашта дар навори видеоӣ аз пайвастанаш ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) хабар дод, даъват кард, ки ба Тоҷикистон баргашта, назди қонун ҷавоб гӯяд. Номаи кушоди Саидмурод Ҳалимов рӯзи 30 май дар торнамои

хабаргузории «TojNews»

ба нашр расид.

Саидмурод Ҳалимов аз соли 1995 дар вазифаҳои гуногун дар Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолият мекунад.

С.Ҳалимов дар номаи худ таъкид менамояд, ки «ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам, вале раҳбарият инро рад карда, гуфтаанд, ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд».

«Аз ин овозаҳо ман шахсан ва аҳли оилаи мо сахт ба ташвиш омада, бовар намекардем,  чунки шароити оилавии ӯ хуб буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоштанд. Хонаи истиқоматии алоҳида, воситаи нақлиёт, аҳли оилаи хуб ва обрӯву эътибор низ дар ҷамъият дошт», – навиштааст ӯ дар мактуб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.