Боздиди вазири мудофиаи Русия аз Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз Тоҷикистон боздид мекунад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур, ки рӯзҳои 2-4 июн таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур, ки рӯзҳои 2-4 июн таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо доир мегардад, ҳамчунин вазирони мудофиаи Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СААД дар робита ба шиддати гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон ва як қатор кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.