АНМН: Пешгирии интиқоли беш аз 10 кило маводи мухаддир ба Русия

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе  зимни як амалиёт дар канори пойтахт  автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуда, ҳангоми кофтукови автомашина дар махфигоҳи он беш аз 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе  зимни як амалиёт дар канори пойтахт 


автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуда, ҳангоми кофтукови автомашина дар махфигоҳи он беш аз 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – сокини вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир карда шуда, ҳангоми кофтуков аз манзили иҷоравии ӯ дар шаҳри Душанбе тақрибан як килограмм гашиш дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум зиёда аз 11 килро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ,шаҳрванди Афғонистон, ният доштаанд маводи нашъаоварро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд,чораҳои зарурӣ андешида шуда, нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.