ҲНИТ аз болои ВКД, КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба Суди олӣ шикоят бурд

Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 30 май раиси Суди олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳузур пазируфт. Маркази матбуоти ҲНИТ дар шарҳи ин маълумот хабар медиҳад, ки муовинони раиси ҲНИТ шикояти 189 саҳифагии ҳизбро аз беамалии Прокуратураи генералӣ, Вазорати дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 30 май раиси Суди олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳузур пазируфт.

Маркази матбуоти ҲНИТ дар шарҳи ин маълумот хабар медиҳад, ки муовинони раиси ҲНИТ

шикояти 189 саҳифагии ҳизбро

аз беамалии Прокуратураи генералӣ, Вазорати дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии ҶТ ва муовинонаш супориданд.

Гуфта мешавад, дар шикоят дар баробари номгӯи фишору қонуншиканиҳои намояндагони ин мақомот дар маҳалҳо, ки дар расонаҳои хабарӣ инъикос ёфтаанд, даҳҳо аризаҳои “сохта”-и ин мақомот аз шаҳрвандони кишвар, ки тибқи баёноти худи эшон аризаҳо таҳти фишор гирифта шудаанд, замима гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқоти беш аз нимсоата бо Ш. Шоҳиён ҳайати ҲНИТ атрофи вазъи сиёсии дохили кишвар сӯҳбат намуда, аз эҷоди фазои номусоид аз тарафи мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрел ҲНИТ аз рӯи ин масъалаҳо бо ирсоли нома ба ниҳодҳои дар боло зикршуда муроҷиат намуд, вале то имрӯз посухе мушаххасе дарёфт накардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.