Полковники тоҷикро Интерпол ҷустуҷӯ мекунад

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса ё ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайнарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуд. Ин элон дар сомонаи расмии   Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст. Дар маълумотномаи нашршудаи Интерпол  оид ба Гулмурод  Ҳалимов зикр мегардад, ки ӯ 14 майи соли 1975 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса ё ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайнарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуд. Ин элон дар


сомонаи расмии


  Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст.

Дар маълумотномаи нашршудаи Интерпол  оид ба Гулмурод  Ҳалимов зикр мегардад, ки ӯ 14 майи соли 1975 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст. Гуфта мешавад, ӯ донандаи забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ буда, вазнаш 80 кило ва қадаш 1 меру 80 сантиметр аст.

Гулмурод Ҳалимов, ки аз рӯзи 23 апрел беадарак шуда буд, санаи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ

навори видеоӣ интишор намуд,

ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.

Рӯзи 30 май намояндаи Департаменти давлатии ИМА ба

CNN

тасдиқ кард, ки Гулмурод Ҳалимов чандин маротиба дар давраҳои омӯзишӣ дар ИМА таълим гирифта, малакаҳои роҳандозии амалиёти зиддитеррористиро азхуд намудааст.

Тавре 

қаблан иттилоъ дода будем

, фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи сипаришуда, Саидмурод Ҳалимов, бародарбузурги фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов,

аз бародараш  даъват кард

, ки ба Тоҷикистон баргашта, назди қонун ҷавоб гӯяд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.