Э.Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матьуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмон баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумла изҳор дошт: “Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем”.

Доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгароии фаромиллӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири муштарак барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ дар минтақаи масъулияти СААД, ба хусус дар самти ҷануби он, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин доир ба масоили афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное