Шикояти сокинони манзилҳои баландошёнаи маҳаллаи Зарафшон аз мушкилоти об

Як гурӯҳ сокинони манзилҳои зисти нуҳошёнаи №№8, 10, 14, 15, 13, 16, 19,20 ва 22-и маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо шикоят аз мушкилоти таъминот бо об, ки аз ахири моҳи июн зиёдтар шудааст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Ба гуфтаи сокини манзили №14 Турсун Саидов, то оғози даҳаи сеюми моҳи май сокинони манзилҳои нуҳошёна мунтазам аз […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳ сокинони манзилҳои зисти нуҳошёнаи №№8, 10, 14, 15, 13, 16, 19,20 ва 22-и маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо шикоят аз мушкилоти таъминот бо об, ки аз ахири моҳи июн зиёдтар шудааст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд.

Ба гуфтаи сокини манзили №14 Турсун Саидов, то оғози даҳаи сеюми моҳи май сокинони манзилҳои нуҳошёна мунтазам аз соти 5-00 то 24-00 бо оби ошомиданӣ таъмин буданд. «Аллакай муддати як ҳафта аст, ки рӯзона ба хонаҳои мо об намеояд ва бо таваққуфҳо се-чор соат об дода мешавад», – қайд кард сокини маҳалла Шаҳобиддин Зиёев.

Сокинони маҳалла изҳор мекунанд, ки қаблан ҳам мушкилоти таъминот бо оби ошомиданӣ вуҷуд дошт, вале он замон мақомоти дахлдор тариқи ВАО ё идораҳои марбут ба хоҷагии манзилию коммуналӣ аҳолиро огоҳ мекарданд, то ки онҳо барои як вақти муайяне обро захира намоянд.

«Рӯзи 1 июн тавассути ТВ «Пойтахт» мо аз дастури раиси шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбутаи шаҳр оид ба андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ огоҳ гардидем ва аз ин бармеояд, ки мансабдорони пойтахт дастурҳои раиси шаҳрро нодида мегиранд», – мегӯянд сокинони манзилҳои баландошёнаи маҳалла.

Қобили зикр аст, ки аз сокинони маҳаллаҳои дигари шаҳр низ ба идораи «Азия-Плюс» ба ин монанд хабарҳо мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.