Сафари расмии нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон

Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф рӯзи 8 июн бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳукумати Тоҷикистон баррасии масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо ва осонтар гардонидани транзит […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф рӯзи 8 июн бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳукумати Тоҷикистон баррасии масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо ва осонтар гардонидани транзит ва ҳамлу нақли борҳо дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва амалисозии пурсамари дигар лоиҳаҳои минтақавӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

Зимнан зикр гардид, ки нахуствазири Покистон ҳамзамон дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, низ ширкат меварзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.