Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, чанд рӯз қабл дар Сурия кушта шуд.
Ин маълумотро ба
Радиои Озодӣ
падари Насим – Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунида, ба ӯ гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст.
Вай афзудааст, ҳафтае пеш бо писараш сӯҳбати телефонӣ дошта, Насим гуфтааст, ки дар шаҳри Аданай, воқеъ дар марзи Туркия бо Сурия машғули кор аст. Насим ба падараш гуфтааст, ки “дигар ба Тоҷикистон пас гашта омада наметавонад” ва Абдулмаҷид Насимов, ӯро сарзаниш кардааст.
Пас аз ин гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ, падар шумораи телефони писарашро ба мақомоти амниятии Фархор додааст, то онҳо дақиқ кунанд, ки писараш дар куҷо ва ба чӣ кор машғул аст ва ҳатто барои баргардониданаш кӯмак расонанд. Мақомоти амниятии Фархор дақиқ кардаанд, ки шуморае, ки Насим ба ӯ тамос гирифтааст, шумораи телефони Сурия аст.
Абдулмаҷид Наботов ҳикоят кардааст, ки баъди хатми мактаб писараш ба факултаи технологии Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, вале баъди ду сол аз таҳсил даст кашидааст. Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар Маскав писараш бо кадом як гурӯҳи ифротгаро робита пайдо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Интернет оид ба таҳсилро тарк кардану ба Сурия раҳсипор шудани боз як донишҷӯдухтари русиягии Донишгоҳи давлатии Маскав Варя Караулова маълумот интишор шуд.
Донишҷӯдухтари аълохони факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав рӯзи 27 май ба модараш хабар додааст, ки барои таҳсил ба донишгоҳ меравад ва ҳамон рӯз аз хона баромада, дигар барнагштааст. Ҳамон шаб волидони ӯ ба мақомои пулис муроҷиат намуда, рӯзи дигар маълум шудааст, ки Варя дар қаламрави Туркия ва тибқи биллинги телефон, аллакай дар марз бо Сурия қарор дорад.
Бо дастрасии бештари маълумот ҳар соат волидони донишҷӯдухтар дарк кардаанд, ки духтарашон ба минтақаи амали созмони терористии «Давлати исломӣ» рафтааст, менависад
The Insider
.
Дар бораи сабабҳои ба Сурия раҳсипор шудани дорандаи медали тилло, ки панҷ забон (англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва лотинӣ)-ро балад будаасту бо волидон ва ҳамсабақон ҳеҷ ихтилофе надоштааст, TheInsider бо падари ӯ – Павел Караулов
суҳбат оростааст
.



