Рашид Олимов – дабири кулли ояндаи СҲШ?

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Маскав бахшида ба омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмон, ки  моҳи июли соли равон дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, исми номзади асосӣ ба мансаби дабири кулли СҲШ садо дод. Бино ба маълумоти «Коммерсантъ», ин шахс дипломат аз Тоҷикистон Рашид Олимов […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Маскав бахшида ба омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмон, ки  моҳи июли соли равон дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, исми номзади асосӣ ба мансаби дабири кулли СҲШ садо дод.

Бино ба маълумоти «Коммерсантъ», ин шахс дипломат аз Тоҷикистон Рашид Олимов шуда метавонад. Агар номзадии ӯ тасдиқ шавад, аз 1 январ ӯ дабири  кулли ҳозираи СҲШ, намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро иваз мекунад, ки аз моҳи июни соли 2012 дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои нашрия, зимни ҷаласа Русия як қатор пешниҳодҳо кард, ки аз ҷумла қабули изҳороти махсус оид ба дурнамои узвияти Эрон ба Созмон, мавриди истифода қарор додани майдони СҲШ барои беҳбуди пайвастшавии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, лоиҳаи «Минтақаи иқтисодии Роҳи абрешим»-и Чин ва таъсиси Маркази байнулмилалии омодагирии пешазлоиҳавӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои СҲШ мебошанд.

Қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карданд. Президент ҷаласаро «аз нигоҳи омодагӣ ба нишасти қарибулвуқӯъи Уфа калидӣ» номид.

Ба гуфтаи президенти Русия, СҲШ «торафт вазн ва аҳаммияти хосе касб намуда, ба ҷуз аъзои имрӯза, боз 12 кишвар ба кори он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд». «Мо ба мувофиқа расидем, ки имкони қабули Ҳиндустону Покистон ва СҲШ-ро баррасӣ мекунем», – иброз доштааст Владимир Путин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.