Бордюжа: Вохӯрии қолабӣ бо президенти Тоҷикистон ба гуфтугӯи ҷиддӣ табдил шуд

– Вазирони мудофиаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар натиҷа як вохӯрии қолабӣ ба гуфтугӯи ҷиддӣ табдил шуд, – қайд кард дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон дар Душанбе. Ба гуфтаи Н.Бордюжа, қабл аз ҷаласаи Шӯро вохӯрии […]

Лилия Гайсина



– Вазирони мудофиаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар натиҷа як вохӯрии қолабӣ ба гуфтугӯи ҷиддӣ табдил шуд, – қайд кард дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон дар Душанбе.

Ба гуфтаи Н.Бордюжа, қабл аз ҷаласаи Шӯро вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД бо президенти Тоҷикистон доир гардида, дар он масъалаҳои шиддатёбии вазъ дар ҳамсоякишвари Афғонистон, таҳкими амнияти марзҳо, такмили заминаи меъёрии Созмон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

«Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД 8 масъала, аз ҷумла вокуниш ба таҳдиду чолишҳои имрӯза, омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои зиддиҳавоӣ, тайёр кардани нерӯҳои ҳомии сулҳ, алоқачиёни ҳарбӣ ва ғайра баррасӣ шуданд», – гуфт дар нишасти хабарӣ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.

Ш.Мирзо таъкид дошт, ки дар ҷараёни ҷаласа аъзои Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ба размоишҳои Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД, ки ахири моҳи май дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуданд, баҳои баланд доданд. «Размоишҳои мазкур гувоҳи онанд, ки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмон ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СААД омодаанд»,- қайд кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 4 июн дар шахри Душанбе таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД доир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.