Мулоқоти С.Аслов бо ҳамтоҳои худ аз Эрону Афғонистон дар Маскав

Рӯзи 3 июни соли 2015 дар ҳошия иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Ҷавод Зариф мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар маҷмӯи васеи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 3 июни соли 2015 дар ҳошия иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Ҷавод Зариф мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар партави мувофиқаҳое, ки миёни президентҳои Тоҷикистону Эрон ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

С. Аслов ва Ҷавод Зариф ҳамчунин роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Худи ҳамон рӯз Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ ва зарурати таҳкими робитаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро баҳри тавсеа ва рушди бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳо таъкид намуданд.

Дар атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.