Тамринҳои муштараки зиддитерористии хадамоти махсуси Тоҷикистону Чин

Ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин иборат аз беш аз 100 нафар ба шаҳри Душанбе омаданд. Тавре ба «Азия-Пюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Чин пас аз омадан ба Душанбе дарҳол ба маркази омӯзишии ВКД, воқеъ дар дараи Маргови шаҳри Ваҳдат раҳсипор шуданд, ки […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин иборат аз беш аз 100 нафар ба шаҳри Душанбе омаданд.

Тавре ба «Азия-Пюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Чин пас аз омадан ба Душанбе дарҳол ба маркази омӯзишии ВКД, воқеъ дар дараи Маргови шаҳри Ваҳдат раҳсипор шуданд, ки рӯзи 6 июн дар он ҷо бо хадамоти махсуси ВКД Тоҷикистон тамринҳои муштарак мегузаронанд.

Ба иттилои манбаъ, дар тамринҳо тарзу усулҳои амалҳои муштараки воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бар зидди гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳсор мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки тамринҳоро вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Ӯзбекистон – Адҳам Аҳмадбоев, Русия – Владимир Колоколтсев, Қирғизистон – Мелис Турганбоев, Қазоқистон – Қулмуҳанбет Қосимов ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин – Го Шэнкун мушоҳида хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.