Ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин иборат аз беш аз 100 нафар ба шаҳри Душанбе омаданд.
Тавре ба «Азия-Пюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ҳайати воҳиди таъиноти махсуси Чин пас аз омадан ба Душанбе дарҳол ба маркази омӯзишии ВКД, воқеъ дар дараи Маргови шаҳри Ваҳдат раҳсипор шуданд, ки рӯзи 6 июн дар он ҷо бо хадамоти махсуси ВКД Тоҷикистон тамринҳои муштарак мегузаронанд.
Ба иттилои манбаъ, дар тамринҳо тарзу усулҳои амалҳои муштараки воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бар зидди гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳсор мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки тамринҳоро вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Ӯзбекистон – Адҳам Аҳмадбоев, Русия – Владимир Колоколтсев, Қирғизистон – Мелис Турганбоев, Қазоқистон – Қулмуҳанбет Қосимов ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин – Го Шэнкун мушоҳида хоҳанд кард.



