Аслов омилҳои дохилии таъсиррасон ба амният дар минтақаро номбар кард



Рӯзи 4 июни 2015 дар Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Амният ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай» ширкат варзид.

Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Аслов қайд кард, ки имрӯз дар бораи як қатор омилҳои дохилии минтақа мебояд ҳарф зад, ки ба амнияту субот дар минтақаи СҲШ таъсир мерасонанд.

Ба андешаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, омилҳои халалдорсози амнияту субот дар минтақаи СҲШ пурзӯр шудани таъсири ақидаҳои бунёдгароӣ ва таассуб, афзоиши шумори гурӯҳу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, зиёд шудани шумори шаҳрвандони минтақаи Осиёи Марказӣ дар мактабҳои сабтиномнашуда ва ғайриқонунии динӣ ва марказҳои омодасозии ҷангиёни террорист дар хориҷа мебошад.

«Ғайр аз ин, мавҷудияти тарзҳои гуногуни муносибат ба истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии минтақа, хотима наёфтани ҷараёнҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳои ҷудогонаи минтақа, ҷой доштани монеъаҳои сунъӣ дар самти транзити мол ва ҳаракати озодонаи одамон ва ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ нашудани қарорҳо оид ба мушкилоти амнияти минтақа ва ҷаҳон, метавонад субот дар минтақаи СҲШ-ро халалдор намояд», – таъкид доштааст Сироҷиддин Аслов.  

spot_imgspot_img

Популярное