Дар мурофиаи додгоҳии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҷараён дорад, собиқ вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ ва ҳамчунин собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Матлубхон Давлатов ба сифати шоҳидон баёнот доданд.
Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Гул Шералӣ ва Матлубхон Давлатов ба ҳимояи манфиатҳои соҳибкор баёнот дода, аз ҷумла Гул Шералӣ изҳор намудааст, ки хусусигардонии корхонаҳои «Тоҷиказот» ва «Гулистон» дар доираи қонун бо қарори ҳукумат сурат гирифтааст.
«Собиқ вазири энергетика ва саноат ҳамчунин қайд кард, ки зимни дар мансаби вазири саноат қарор доштанаш Зайд Саидов ҳеҷ фоидаи шахсие надошт ва ба ҷараёни хусусигардонӣ таъсир расонида наметавонист», – гуфт Табаров.
Ба қавли адвокат, Матлубхон Давлатов ҳам изҳор кардааст, ки ба хусусигардонии ошхонаи Вазорати саноат низ Зайд Саидов ҳеҷ муносибате надорад, зеро баъди қабули қарори хусусигардонии ин иншоот ба вазифаи вазири саноат таъин шудааст. «Ба гуфтаи Давлатов, ин қарорро тамоман шахси дигар қабул кардааст», – афзуд Табаров, вале мушаххасан нагуфт, ки дар бораи кадом шахс сухан меравад.
Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот Гул Шералӣ қудои президенти мамлакат буда, Матлубхон Давлатов аз тарафи модараш ба Эмомалӣ Раҳмон хеш аст.
Аввалҳои моҳи апрели соли равон зимни мурофиаи судӣ оид ба баррасии «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидов, соҳибкор аз айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуда буд, ки
гуноҳи ӯро ҳадди ақал аз рӯйи як айбномаҳои
пешниҳодшуда исбот кунанд.
Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.
Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.



