Президент вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иттилоотӣ дар фазои кибернетикӣ, баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо, изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки “сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон пайомадҳои ифротгароию терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондааст ва мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба таҳким ва густариши минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамгироӣ барои таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.