Прокурори генералӣ: ҳудуди 60 нафар тоҷикистониён барои ДИИШ ҳалок шуданд



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чанде қабл зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд изҳор намудааст, ки то имрӯз барои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳудуди 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ҳалок шудаанд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки прокурори генералии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфтааст, айни замон тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, ки синнашон аз 18 то 35-соларо ташкил медиҳад ва танҳо аз шаҳри Исфара дар ин сафҳо 40 нафар дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.

Юсуф Раҳмон қайд кардааст, ки беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамсару фарзандони худ ба ҷанги Ироқу Сурия раҳсипор шудаанд, ки минбаъд ҳамсар ва фарзандони ҷангиёни ҳалокшуда ба ғуломони ҷангиёни ДИИШ табдил меёбанд.

Прокурори генералӣ аз сокинони ин шаҳру навоҳӣ даъват кардааст, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон, пешгирии қонуншиканӣ миёни ҷавонон ва дода нашудан ба даъватҳои созмонҳои террористӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. «Дар шабакаи Интернет имрӯз зиёда аз 7 ҳазор адад сомонаҳои ин гуна созмонҳои террористӣ фаъолият доранд», – таъкид доштааст прокурори генералӣ.

spot_imgspot_img

Популярное