Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин дар Маскав



Рӯзи 4 июни соли 2015 дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ва рафти татбиқи санадҳое, ки ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои стратегии ду кишвар дар арсаҳои мухталиф равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное