Русия ва Тоҷикистон баъзе нақшаҳои ҳарбиро тасҳеҳ карданианд

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 июн вохӯрии вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва генерали артиш Сергей Шойгу баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, зимни мулоқот Сергей Шойгу изҳор намудааст, ки дар бахши низомӣ Русия ва Тоҷикистон тарҳҳои зиёди ҳамкорӣ доранд, ки чанде аз онҳоро мебояд тасҳеҳ кард. «Мо тарҳҳои […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 июн вохӯрии вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва генерали артиш Сергей Шойгу баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, зимни мулоқот Сергей Шойгу изҳор намудааст, ки дар бахши низомӣ Русия ва Тоҷикистон тарҳҳои зиёди ҳамкорӣ доранд, ки чанде аз онҳоро мебояд тасҳеҳ кард.

«Мо тарҳҳои бузурге дорем, ки аз ҷониби сарони кишварҳоямон тасдиқ шудаанд. Имрӯз мо ҷараёни амалисозии онҳоро баррасӣ ва дар бораи дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳоямон гуфтушунид мекунем», – иброз доштааст С.Шойгу.

Вазири мудофиаи Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ «ба нақшаҳои ҳамкории дуҷониба аз рӯи натиҷаҳои размоишу санҷишҳо, ки ахиран доир гардиданд, мебояд баъзе тасҳеҳҳо ворид кард».

Сергей Шойгу ҳамзамон зикр кардааст, ки таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба амалҳои ҳамоҳангшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон вобастаанд ва аз ин рӯ, ба баланд бардоштани сатҳи омодабоши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишвар мебояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор доштааст, ки ин сафари нахустини генерали ариш Сергей Шойгу ба сифати вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон аст. «Бо таваҷҷуҳи хосса ба ин сафар, мо таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳоямонро интизорем», – гуфтааст Шералӣ Мирзо.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.