Фармондеҳи марзбонии Эрон ҳузури нерӯҳои ДИИШ дар минтақаро рад кард

Фармондеҳи марзбонии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ чанде қабл ба хабаргузории «Форс» дар робита ба сафари серӯзааш ба Тоҷикистон маълумоти чанде аз коршиносон ва як қатор ВАО дар бораи пайдо шудани ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДДИШ) дар Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистонро рад кард. «Ин гуна маълумот беасос аст, вале дар минтақа нерӯҳое мавҷуданд, ки ба […]

Аваз Юлдошев



Фармондеҳи марзбонии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ чанде қабл ба хабаргузории «Форс» дар робита ба сафари серӯзааш ба Тоҷикистон маълумоти чанде аз коршиносон ва як қатор ВАО дар бораи пайдо шудани ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДДИШ) дар Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистонро рад кард.

«Ин гуна маълумот беасос аст, вале дар минтақа нерӯҳое мавҷуданд, ки ба ноамн кардани вазъ кӯшиш ба харҷмедиҳанд», – қайд кардааст генерали эронӣ.

Ӯ аз сафараш ба Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуда, зикр кардааст, ки дар ин кишвар барои пешгирии вуруди гурӯҳҳои террористӣ дар сатҳи баланд кори зиёде ба сомон расида, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт барои Эрон омӯзанда аст.

«Барои таъмини сулҳу субот дар минтақа мо бо Тоҷикистон табодули таҷриба намуда,  маълумоти дахлдорро ба якдигар мерасонем», – таъкид доштааст генерал.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.