Дилшод Назаров бори сеюм қаҳрамони Осиё шуд

Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки имрӯзҳо дар шаҳри Ухани Чин ҷараён дорад, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд. Қабл аз оғози мусобиқа низ сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари тоҷикро яке аз довталабони асосӣ мешуморид. Рақибони асосиаш қахрамони ҷаҳон миёни наврасон Ашраф Амгад – Ал-Сайфӣ (Қатар), […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки имрӯзҳо дар шаҳри Ухани Чин ҷараён дорад, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.

Қабл аз оғози мусобиқа низ сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари тоҷикро яке аз довталабони асосӣ мешуморид. Рақибони асосиаш қахрамони ҷаҳон миёни наврасон Ашраф Амгад – Ал-Сайфӣ (Қатар), Ван Шичжу (Чин) ва Қавӣ Мусавӣ (Эрон) номбар шуда буданд.

Солҳои 2009 ва 2013 низ Дилшод Назаров ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ дастёб гардида буд.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба

ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016

дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Рӯзи 25 майи соли равон ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Чехия ширкат варзида, ба натиҷаи дуюм дар ҷаҳон ноил гардид. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 см партофт, ки ин ба ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон-2015 (22-30 август, Пекин) ва Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро ҳуқуқ медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Евгений Шумарин хабар дод, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ҳамчунин Фарҳод Куралов (давидан ба масофаи 800 метр), Александр Пронженко (масофаи 400 метр), Даврон Атобоев ( масофаи 100 метр) ва Кристина Пронженко (варзиши ҳафтгона) низ иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.