Марзбонони тоҷик додарарӯси раиси парлумони Афғонистонро куштанд

Додарарӯси раиси парлумони Афғонистон аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории «Пажвок» иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки  аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми […]

ASIA-Plus



Додарарӯси раиси парлумони Афғонистон аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории «Пажвок» иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки  аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми убури марз дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз марзбонони тоҷик нобуд кардаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории «Қундуз нюс», дар паҳлӯи кушташуда марзбонони тоҷик 25 кило маводи мухаддир ва силоҳ дарёфт кардаанд. Ҷасади ӯ ба ҷониби Афғонистон супурда шудааст.

«Қундуз нюс» ҳамчунин менависад, афсари кушташуда додарарӯси раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ мебошад. Қаблан аз ҷониби вазири корҳои дохилии Афғонистон ӯ ба мансаби сардори хадамоти амният дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз таъин шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар ин бора маълумот дастрас намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.