Тибқи иттилои васоити ахбори умуми Афғонистон, додарарӯси раиси парлумони ин кишвар аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шудааст.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Розиқов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қочоқбари афғон марзи давлатиро гузашта, ба огоҳкунии сарҳадбонон итоат накардааст ва баъди ин аз ҷониби марзбонон ҷиҳати нобуд кардани марзшикан тадбирҳо андешида шудаанд.
«Дар бораи робитаҳои хешутабории ӯ бо раиси парлумони Афғонистон мо ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», – изҳор кард номбурда.
Сомонаи хабаргузории «Пажвок» дар шарҳи ин маълумот
хабар дода буд
, ки кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми убури марз дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз рӯзи 6 июн марзбонони тоҷик нобуд кардаанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории «Қундуз нюс», дар паҳлӯи кушташуда марзбонони тоҷик 25 кило маводи мухаддир ва силоҳ дарёфт кардаанд. Ҷасади ӯ ба ҷониби Афғонистон супурда шудааст.
«Қундуз нюс» ҳамчунин менависад, афсари кушташуда додарарӯси раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ мебошад. Қаблан аз ҷониби вазири корҳои дохилии Афғонистон ӯ ба мансаби муовини сардори хадамоти амният дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз таъин шуда буд.



