Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ мешавад;

– Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иносн дар Тоҷикистон пешниҳоди натиҷаҳои мониторинги тобистони соли 2014 дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар назар аст;

– Дар Душанбе ҷаласаҳои мавзӯии рӯзи дуюми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 баргузор мешаванд. Соати 17-00 маросими расмии пӯшида шудани конфронс баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

7.0290

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1290

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи кормандони саноати сабук.


2003

– Дар Душанбе маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои сафорати нави ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд. Арзиши лоиҳа – 63 млн. $.


2011

— Дар шаҳри Хоруғ афроди номаълум муовини раиси суди ВМКБ ва судяро лату кӯб намуда, ба биноҳои суди вилоят ва прокуратураи Хоруғ  зиёни зиёд расонида шуд.


2014

— Назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон намоиши ғайриқонунӣ доир гардида, бо боздошти якчанд нафар хоиима ёфт.


1923-1979

– Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Аминҷон Шукӯҳӣ (раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон).


1934

– Мавлуди адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов.


1936

– Зодрӯзи файласуф Тағай Раҳмонов.


1944

– Мавлуди Арбоби халқии Тоҷикистон Амонулло Қодиров.


1944

– Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.


1956-1992

– Мавлуди нависанда Маҳмуд Олимӣ.


1961

– Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда Шералӣ Қосимов.


1962

– Мавлуди овозхон Зафар Айюбӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.

spot_imgspot_img

Популярное