Бозори «Саховат» пурра ба фаъолият оғоз намуд

Ба фаъолияти тамоми фурӯшгоҳҳову дӯконҳои бозори «Саховат»-и пойтахт, ки чанде қабл баста шуда буданд, дубора иҷозат дода шуд. Соҳибкорони бозор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мушкилоти баста будани як қисмате аз бозор баъди нашри муроҷиати савдогарони ин фурӯшгоҳҳову дӯконҳо дар торнамои хабаргузорӣ саривақт мусбат ҳаллу фасл шуд. Савдогарони фурӯшгоҳҳои пеши бозори «Саховат», […]

ASIA-Plus



Ба фаъолияти тамоми фурӯшгоҳҳову дӯконҳои бозори «Саховат»-и пойтахт, ки чанде қабл баста шуда буданд, дубора иҷозат дода шуд.

Соҳибкорони бозор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мушкилоти баста будани як қисмате аз бозор баъди нашри муроҷиати савдогарони ин фурӯшгоҳҳову дӯконҳо

дар торнамои хабаргузорӣ

саривақт мусбат ҳаллу фасл шуд.

Савдогарони фурӯшгоҳҳои пеши бозори «Саховат», ки баста шуда буданд, дар муроҷиат ба «Азия-Плюс» изҳор карда буданд, ки ба онҳо имкони кор дода намешавад. Аксарият аз он шикоят доштанд ки барои тиҷорат қарз гирифтаанд ва маҳсулоти барои савдо харидаашон тез вайрон мешавад.

Бозори «Саховат», воқеъ дар қисмати ҷанубии пойтахт яке аз бозорҳои бузурги маводи ғизойии шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Дар ин бозор деҳқонони навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд. Моҳи ноябри соли 2010 дар ин бозор сӯхтор сар зада, бар асари он 19 фурӯшгоҳ комилан ба коми оташ рафта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.