Назорати захираҳои молии ТҒД Тоҷикистон бештар мешавад

Имрӯз палатаи поёнии парлумон тағйирот ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар тағйирот бештар шудани назорати даромадҳои молӣ ва хароҷоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар пешбинӣ шудааст. Моҳи ноябри соли 2014 иттилоъ дода шуда буд, ки мутобиқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз палатаи поёнии парлумон тағйирот ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар тағйирот бештар шудани назорати даромадҳои молӣ ва хароҷоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар пешбинӣ шудааст.


Моҳи ноябри соли 2014

иттилоъ дода шуда буд, ки мутобиқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Вазорати адлия таҳия шудааст, тамоми бурсҳо ва маблағҳои хайрияи аз сарчашмаҳои хориҷӣ ва байнулмилалии дастрасшуда ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), бояд дар феҳристи давлатии кумаки башардӯстона ба қайд гирифта шаванд ва ба амалисозии барномаҳои маблағгузоришуда аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар сарчашмаҳо аз хориҷи кишвар, танҳо баъди анҷоми ҷараёни бақайдгирӣ иҷозат дода мешавад.

Баъдтар маълумот дода шуд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дархосту пешниҳодҳои ТҒД-ро ба инобат гирифта, тағйироти дахлдор ворид намуд, ки мувофиқи он ҳисоботи дастрас шудану истифодаи бурсҳои байнулмилалӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо дар шакли огоҳ кардан ва бидуни сабти ҳатмии он пешниҳод хоҳад шуд.

Аммо то ҷое маълум аст, бо матни таҳрири ниҳоии тағйироту илова ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки ба вакилони парлумон пешниҳод мешавад, ҳеҷ касе аз намояндагони ТҒД шиносу огоҳ нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.