Тоҷикистон бандарҳои баҳрии Покистонрo фаъолона истифода карданист

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо ҳузури […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо ҳузури ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем”.

Тавре зикр гардид, заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст.

Бо изҳори қаноат аз суръати рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳарду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мусоидат ба густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон зарур дониста шуд.

Барои ҳарчи зудтар ба имзо расондани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор карда шавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчуни атрофи мавзӯъҳои вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, ҳамгироии босамари сохторҳои амниятию қудратии ду кишвар дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ сурат гирифт.

Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.