Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 10 июн бо Ваколатдор оид ба масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлим дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Эрнст Петер Фишер, ки ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ қайд кардааст, ки дар баробари ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори рушди бахши гидроэнергетикаи худ аст, ки барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза аст.
Зимнан зикр гардид, ки намояндагони Олмон Тоҷикистонро барои иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба баррасии мушкилоти об, ки моҳи сентябри соли равон дар Берлин доир мегардад, даъват кардаанд.



