Зойиров намояндагони интернатсионали сотсиалистиро бо вазъи Тоҷикистон шинос кард

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон РаҳматиллоЗойиров дар ҷаласаи интернатсионали сотсиалистӣ дар ИДМ, Қафқоз ва кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ, ки рӯзҳои 8-9 июн дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир гардид, иштирок ва маърӯза кард. Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита менависад, дар ин чорабинӣ намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Русия, Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Маҷористон […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон РаҳматиллоЗойиров дар ҷаласаи интернатсионали сотсиалистӣ дар ИДМ, Қафқоз ва кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ, ки рӯзҳои 8-9 июн дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир гардид, иштирок ва маърӯза кард.

Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин робита менависад, дар ин чорабинӣ намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Русия, Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Маҷористон (Венгрия), Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, иштирокдорони ҷаласа дар бораи вазъи кишварҳои худ маълумот дода, раиси ҲСДТ низ оид ба вазъ дар Тоҷикистон маърӯза кардааст.

Дар маърӯзаи худ Раҳматилло Зойиров ҳамчунин перомуни масоили интихобот ва тадбирҳои муқовимат бо фасод, вазъи кунунӣ ва вазифаҳои минбаъдаи ҳаракати сотсиал-демократӣ дар замони муосир изҳори назар намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаҳои кори ҷаласа ёддошт ва қатънома қабул шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.