Даъвати Тоҷикистон ба конфронси байнулмилалии об дар Берлин

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 10 июн бо Ваколатдор оид ба масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлим дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Эрнст Петер Фишер, ки ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе қарор дорад, дидору гуфтушунид кард. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин […]

ASIA-Plus



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 10 июн бо Ваколатдор оид ба масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлим дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Эрнст Петер Фишер, ки ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ қайд кардааст, ки дар баробари ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори рушди бахши гидроэнергетикаи худ аст, ки барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза аст.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони Олмон Тоҷикистонро барои иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба баррасии мушкилоти об, ки моҳи сентябри соли равон дар Берлин доир мегардад, даъват кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.