Баррасии масъалаи муттаҳид кардани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо

Чанде қабл дар машварати роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки  роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ масъалаҳои назорат, баҳисобгирии амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар рафти машварат раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода диққати ҳозиринро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар машварати роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки  роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ масъалаҳои назорат, баҳисобгирии амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар рафти машварат раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода диққати ҳозиринро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ – таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқеии амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳо ҷалб намуда, изҳор кард, ки дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чорабиниҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. 

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷаласа зимни суханронӣ ва муҳокимарониҳо оид ба масъалаи муттаҳид намудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ(филиал ва марказҳои хизматрасонии онҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бозори байнибонкии асъор, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиб иброз гардиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ пешниҳоди Бонки миллиро дар самт дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дар рӯзҳои наздик хулоса ва пешниҳодоти худро манзур медоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.