Ташрифи президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба Тоҷикистон

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе меояд. Тавре дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар медиҳад, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намудааст, ки Томас Бахро дар ин сафар Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи […]

ASIA-Plus



Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар медиҳад, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намудааст, ки Томас Бахро дар ин сафар Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, мулоқот карда, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар ташриф меоваранд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Раҳбарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, инчунин ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Онҳо рӯзи 16 июн аз Душанбе ба Бишкек (Қирғизистон) мераванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.