Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисони ҳарду палатаи парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода, вазири […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисони ҳарду палатаи парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар президенти Тоҷикистонро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии Олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бозиҳои якуми аврупоӣ аз 12 то 28 июн дар шаҳри Боку баргузор шуда, барномаи бозиҳо аз 20 навъи варзиш иборат аст, ки 16 навъи он олимпӣ мебошанд. Дар ин бозиҳо варзишгарон барои ба даст овардани 253 медалҳо рақобат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.