Дар вилояти Суғд таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ҷараён дорад.
Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷашнвора ба муносибати фарорасии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷашнвора аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, дар он дар баробари ҷавонони тоҷик, меҳмонон аз Русияву Украина, Қирғизистону Эрон ва як қатор кишварҳои дигар ширкат доранд.
«Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора ҷавонон аз макони таърихии як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид мекунанд», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон то санаи 17 июн идома меёбад.



