Раиси Хуҷанд ба аёдати оилаи наваскари ҳалокшуда рафт

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл ба аёдати оилаи сарбози дар қисми низомии 04080-и дар шаҳри Конибодом фавтида, сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Раҳматов рафта изҳори ҳамдардӣ кард ва ба оилаи онҳо маводи хӯрока дастрас намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорииХуҷанд, ҳамон рӯз раиси шаҳри Хуҷанд ба хабаргирии боз се оилаи ниёзманди шаҳр […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл ба аёдати оилаи сарбози дар қисми низомии 04080-и дар шаҳри Конибодом фавтида, сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Раҳматов рафта изҳори ҳамдардӣ кард ва ба оилаи онҳо маводи хӯрока дастрас намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорииХуҷанд, ҳамон рӯз раиси шаҳри Хуҷанд ба хабаргирии боз се оилаи ниёзманди шаҳр – оилаҳои Ҳасанов Бӯрибой,  Дадобоев Пӯлодҷон ва Ҳабибова Қумрӣ низ рафт, ки рӯзи шанбеи сипаришуда барои гирифтани кӯмак ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буданд.

Гуфта мешавад, ба ҳамаи аёдатшудагон  кӯмаки яквақта иборат аз маводи хӯрока расонида шуда, ҳангоми аёдат собиқадорони меҳнат Бӯрибой Ҳасанов ва Қумрӣ Ҳабибова аз Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш намуданд, ки барои бозбинии маблағи нафақааш ва дарёфти ҷойи кори муносиб барои фарзандонашон мусоидат намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси шаҳр ба масъулини ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат супориш  дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барои ҳалли масалаи пешниҳодшуда чора андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.