Ҳабси як тоҷик дар Маскав барои як силсила ғоратгариҳо

Хабаргузории LifeNews менависад, суди ноҳияи Преображенскии шаҳри Маскав дар бораи таҳти ҳабс қарор додани се нафар гумонбаршудагон дар як силсила амалҳои роҳзаниву ғоратгарӣ ҳалнома содир намуд, ки акнун  онҳо муддати 2 моҳ – то 11 авугуст дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Боздоштшудагон Суҳроб Ҳайдаров, Валерий Акуҷба ва Сергей Горепякин дар содир намудани якбора даҳҳо амалҳои […]

ASIA-Plus



Хабаргузории LifeNews менависад, суди ноҳияи Преображенскии шаҳри Маскав дар бораи таҳти ҳабс қарор додани се нафар гумонбаршудагон дар як силсила амалҳои роҳзаниву ғоратгарӣ ҳалнома содир намуд, ки акнун  онҳо муддати 2 моҳ – то 11 авугуст дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.

Боздоштшудагон Суҳроб Ҳайдаров, Валерий Акуҷба ва Сергей Горепякин дар содир намудани якбора даҳҳо амалҳои роҳзанӣ гумонбар дониста шуда, яке аз онҳо барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, дар сурати исботи гуноҳ ба Суҳроб Ҳайдаров 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамсараш омода будааст, ки барои ӯ дар ҳаҷми миллион рубл гарав пардохт намояд. Дар ҳамин ҳол, худи мард расман бекор будааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл рӯзона кормандони пулис бо тирпарронӣ автомашинаи «Мерселес-GL»-ро

таъқиб намуданд

, ки ҷинояткорони эҳтимолӣ дар дохили он қарор доштанд. Онҳо ду автомашинаи «Форд»-и мақомоти пулисро рахна карда, паноҳ бурданӣ шудаанд. Танҳо баъд аз ин кормандонипулис аз аслиҳа истифода бурда,

52 тир холӣ намудаанд

.

Тибқи маълумоти пешакӣ, «автомашинаи «Мерседес» рабуда шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. Аз он

аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии этникӣ истифода мебурдаанд

, ки дар ҳамлаи ғоратгарона ба инкассаторҳо ва ғорати беш аз 9 млн. рубл 1 мард гумонбар дониста мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.