Раиси Суғд калиди хонаи дуҳуҷрадорро ба маъюб тақдим кард

Дар хиёбони ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ин мавзеъ сохтмони 5 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал як бинои 6 ошёна, ки дорои 65 хонаи 1, 2 […]

ASIA-Plus



Дар хиёбони ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ин мавзеъ сохтмони 5 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал як бинои 6 ошёна, ки дорои 65 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷра мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи феврали соли 2014 оғоз ёфта, он аз ҷониби ҶДММ “Панҷакентсоз” бунёд шудааст. Дар ҳамин бино раиси вилоят ба маъюби гурӯҳи якум Турсуной Мустафоева калиди хонаи дуҳуҷрадорро тақдим сохт. Номбурда дар хурдсолӣ ба беморӣ гирифтор шуда, дар натиҷа дасту пояш фалаҷ гардидааст. Мавсуф дар муассисаи давлатии Хона интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Панҷакент 15 сол инҷониб иқомат дошта, аз дигарон бо ҳунари хеш бартарӣ пайдо намудааст.  Ӯ тамоми корҳоро бо пойҳояш ба сомон мерасонад. Турсуной Мустафоева аз зиндагии худ розӣ аст ва ӯ навмед нагардида бо кӯмаки пойҳояш нақшу нигор кашидаву гулу гулдӯзи мекунад, ки маҳсулоти омоданамудаи ӯ харидорони сершумори худро дорад.

Дар саҳни бино раиси вилоят бо сохтмончиён ва сокинон мулоқот намуда, ба онҳо дастур дод, ки дар таҳхонаи иншооти сохташванда таваққуфгоҳ барои автомобил ва дар қабати аввал маркази савдо ва хизматрасонӣ, дар назди бино бошад майдончаи кӯдакон бунёд намуда, ба анҷоми босифати корҳо аҳмияти бештар диҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.