Дар бозии Тоҷикистону Урдун нафақахӯр аз Ваҳдат соҳиби «Мерседес» шуд

Пас аз анҷоми вохӯрии даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Урдун (1 бар 3) миёни тамошобинон тибқи рақамҳои билет бозии лотерея гузаронида шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯйи натиҷаҳои он хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №67-и ноҳияи Рӯдакӣ Суннатулло Давлатов телефони «iPhone», омӯзгори Донишкадаи молия ва […]

Мавзуна Абдуллоева



Пас аз анҷоми вохӯрии даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Урдун (1 бар 3) миёни тамошобинон тибқи рақамҳои билет бозии лотерея гузаронида шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯйи натиҷаҳои он хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №67-и ноҳияи Рӯдакӣ Суннатулло Давлатов телефони «iPhone», омӯзгори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қутбиддин Муқимов планшети iPad бурд карда, ба ҷоиза асосӣ – автомашинаи Мерседес-Бенс» нафақахӯр аз шаҳри Ваҳдат Абдураҳмон Назаров соҳиб шуд.

«Айни замон эҳсосоти ман дугуна аст. Шодам, ки бо билетам бурд кардам ва дар ҳамин ҳол, мушаввашам, ки дастаи мунтахаби мо бозиро бохт. Аҳсан ба Алишер Тӯйчиев, ки якчанд маротиба даровзаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Ба аназари ман, ҳариф бо ҳунараш моро шикаст дод. Ба ҳар ҳол, дастаи онҳо ботаҷрибатару боҳунартар аст», – иброз дошт Абдураҳмон Назаров пас аз анҷоми бозии лотерея.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.