Раиси Суғд ба корҳои навсозии оромгоҳи Нақибхон Туғрал ҳусни оғоз бахшид

Санаҳои 9 ва 10 июн раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии водии Зарафшон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ноҳияи Айнӣ Абдураҳмон Қодирӣ оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат намуда, ба корҳои азнавбарқароркунии мақбараи шоир […]

ASIA-Plus



Санаҳои 9 ва 10 июн раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии водии Зарафшон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ноҳияи Айнӣ Абдураҳмон Қодирӣ оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат намуда, ба корҳои азнавбарқароркунии мақбараи шоир ҳусни оғоз бахшид.

Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши сарвари давлат, оромгоҳ ва атрофи он, хона – музеи шоир ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Барои анҷоми корҳои навсозӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 5 милион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, мувофиқи лоиҳа бунёди мақбараи нав, айвон бо кандакории миллӣ ва фаввора дар назар аст ва ҳамзамон пайкараи шоир дар ин мавзеъ қомат афрохта, атрофи он ба ободониву чароғонкунӣ фаро гирифта хоҳад шуд.

Тибқи супориши раиси вилоят корҳои сохтмониву азнавсозӣ бояд то моҳи октябри соли равон ба итмом расонида шавад.  Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои рафту омади бароҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин мавзеъ, роҳи автомобилгарди Айнӣ – Зосунро, ки беш аз 5 км аст, аз таъмир бароранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.