Орзуи ба ҳаҷ рафтани собиқадори 94-солаи ҶБВ алҳол амалиношуда боқӣ мемонад

Орзуи ба ҳаҷ рафтани собиқадори 94-солаи Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ) Карим Қурбонов алҳол амалиношуда боқӣ мемонад. Файзалӣ Қурбонов писари собиқадори ҷанг ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз муроҷиат тариқи ВАО ба президенти мамлакат ҷиҳати мусоидат ба падараш барои адои маросими ҳаҷ алҳол ҳеҷ муроде ҳосил нашудааст. «Як моҳ қабл мо ба сомонаи […]

Аҳлиддин Салимов



Орзуи ба ҳаҷ рафтани собиқадори 94-солаи Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ) Карим Қурбонов алҳол амалиношуда боқӣ мемонад.

Файзалӣ Қурбонов писари собиқадори ҷанг ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз муроҷиат тариқи ВАО ба президенти мамлакат ҷиҳати мусоидат ба падараш барои адои маросими ҳаҷ алҳол ҳеҷ муроде ҳосил нашудааст.

«Як моҳ қабл мо ба сомонаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, дархост кардем, ки барои ба ҳаҷ сафарбар шудани падарам мусоидат намоянд, вале то ҳол посухе нагирифтаем», – мегӯяд Файзалӣ Қурбонов.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз пиронсолӣ, вазъи солимии падараш хуб аст ва ӯ барои сафар ба макони муқаддаси Ислом омода аст. «Мо умедворем, ки президент ба дархости мо расидагӣ мекунад», – изҳори умедворӣ кард Ф.Қурбонов.

Ёдрас мекунем, ки мӯйсафеди 94-сола, собиқадори ҷанг, маъюби дараҷаи II Карим Қурбонов ва писари ӯ Файзалӣ Қурбонов рӯзи 15 апрел ба идораи «Азия-Плюс» омада, изҳор дошта буданд, ки

кӯшишҳои онҳо барои ба ҳаҷ сафарбар намудани муйсафед

бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.