Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар Суғд

Дар вилояти Суғд таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ҷараён дорад.  Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷашнвора ба муносибати фарорасии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҷашнвора аз ноҳияи Айнӣ […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ҷараён дорад.

 Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷашнвора ба муносибати фарорасии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷашнвора аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, дар он дар баробари ҷавонони тоҷик, меҳмонон аз Русияву Украина, Қирғизистону Эрон ва як қатор кишварҳои дигар ширкат доранд.

«Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора ҷавонон аз макони таърихии як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид мекунанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки Ҷашнвораи дӯстии ҷавонони Тоҷикистон то санаи 17 июн идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.